Давраи омузишӣ барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 12 - 16 январи соли равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ давраи омӯзишӣ вобаста ба камераҳои муосири мушоҳидавӣ барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишии мазкур аз баланд бардоштани иқтидор ва такмили малакаю маҳорати кормандони саҳроии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба назорати доимӣ дар сарҳад, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ХБРЯ иборат буд.
